Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҒАРҚШАВИИ ДУ НОБОЛИҒ ДАР ХАТЛОН


ҒАРҚШАВИИ ДУ НОБОЛИҒ ДАР ХАТЛОН




1 июни соли ҷорӣ, тахминан соати 13:30, ноболиғ Рустамов Азизбек Шакархонович, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар канали канори деҳаи мазкур ғарқ шудааст. Дар ин хусус рӯзномаи “Хатлон” бо истиснод ба манбаи худ иттилоъ медиҳад.

Пас аз расидани хабар, дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар ҳайати 6 нафар сафарбар шуданд. Рӯзи 2 июн ҷасади ноболиғ Рустамов А. Ш. аз канали болозикр, тахминан 800 метр поёнтар аз макони ғарқшавӣ пайдо карда шуда, барои ташхис ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.

Ба ҳамин монанд, 1 июни соли ҷорӣ, тахминан соати 16:00 дақиқа, ноболиғ Намозов Абубакр Зиёратшоевич, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Бохтар, дар канали обгузари Бибихонуми ҳамин шаҳр ғарқ шудааст. Баъди кофтукови дастаи махсуси зудамали РКҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хешовандонаш ҷасади ғарқшуда рӯзи 3 июн, тахминан соати 10:10 дақиқа, 850 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо шуда, барои ташхис ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.

Масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ҳодисаи ғарқшавии ҳар ду ноболиғро ба беэҳтиётӣ ва беаҳамиятии волидайн рабт доданд. Ҳамчунин, масъулин аз сокинон хиҳиш ба амал меоранд, ки дар фасли гармо дар минтақаҳои хатарнок, кӯлу наҳрҳо, каналҳои обгузари ҷараёнаш тез, дар минтақаҳое, ки лавҳаҳои огоҳкунанда овезон аст, оббозӣ накунанд. Дар раванд, ҷиҳати огоҳ кунондани сокинон аз вазъи мавҷуда аз ҷониби РКҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон гузаронида шуда истодааст.
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода