Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АЗМИ БУНЁДИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ


АЗМИ БУНЁДИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ




Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» зеристгоҳи барқии офтобӣ сохта мешавад. Бо ин мақсад байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Eging PV Technology Co., LTD»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. 

Ширкати «Eging PV Technology Co., LTD» тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони зеристгоҳи барқии офтобиро бо маблағи 150 миллион доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 гектар дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба роҳ монад. Маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар маросими имзои ёддошти тафоҳум, инчунин, имконоти сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ муаррифӣ гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода