БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 165
Имрӯз, 2 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки бояд иншоотҳои ҷашнӣ бо сифати баланд ва дар мӯҳлати муайяншуда сохта шаванд. Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки ба намои берунии бино аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.
Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то 1 апрели соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2762 биною иншоот ба маблағи 2 млрд. 58 млн. 92,7 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00