Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон бо аҳли ҷомеаи ноҳияи Хуросон


Вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон бо аҳли ҷомеаи ноҳияи Хуросон




Имрӯз, 1 июн, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 -и ноҳияи Хуросон вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа" доир шуд. 

Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирӣ аз ифротшароиву бегонапарастӣ, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот мебошад.

Сараввал, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оид ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардиву кирдорҳои ғайрахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии нашъамандӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, пешгирии ҷавонону наврасон  аз таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд. 

Ҳамчунин, муовини раиси вилояти Хатлон таъкид дошт, ки дар Суханронии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масъалаи фаъолияти соҳаи маориф ва сатҳи давомоти муассисаҳои таъдимӣ изҳори нигаронӣ намуданд. "Мо бояд он ҳама дастуру супоришҳои роҳбари давлатро сармашқи кори хеш қарор дода, сари вақт бари камбудиҳои мавҷуда тадбирандешӣ намоем". 

Дар идомаи ин вохӯрӣ муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат усули хона ба хонаро руҳандозӣ намуда, бо занону сокинони деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа" суҳбату вохӯрӣ доир намуданд. 

Зимни ин вохӯриҳо таъкид гардид, ки ба масъалаи либосҳои фарҳанги бегонаро ба бар кардани ҷавондухтарон муносибати ҷиддӣ мебояд. Зеро ин масъала ба назар содаву одӣ намояд ҳам, дар асл пайомадҳои нохуби зиёде хоҳад дошт. Ва муҳимтар аз ҳама, он аст, ки ин раванд дар омезиши фарҳанги мо бо фарҳангҳои дигар ва азбайнравии он замина мегузорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода