БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “АЛӢ ЭМОМ” ВА “УСТО РОЗИУ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 297
Нимаи дуюми рӯзи 31 май дар рафти сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Муъминобод ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ «Алӣ Эмом»-и дар мавзеи Хосабоии Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров ва "Усто Розиқ"-и дидан намуд.
Хоҳагии деҳуонии “Алӣ Эмом”-сарвараш Алиева Гуландом.дар мавзеи Хосабоии Вамоати деҳоти ба номи Н. Назаров ҷойгир буда, дар майдони 1 гектар хоҷагидорӣ менамояд. Дар майдони 1 гектар картошка кишт менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки Хоҳагии деҳқонии “Усто Разоќ”-сарвараш Ҷалимов Абдурасул дар мавзеи Хосабоии Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров войгир буда, дар майдони 1,5 гектар хоҷагидорӣ намуда дар майдони 1,5 га боғи интенсивӣ бунёд намудааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сарвари хоҷагии зикршуда ва роҳбарони самти кишоварзӣ мулоқоти сарироҳӣ намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, саривақт кишт намудани, картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, хоҷагӣ барои гузаронидани кишти дигар намуди зироатҳо заминҳоро омода сохтааст.
Хоҷагии мазкур ҳар сол заминҳоро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнад ва саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузорад.
Раиси вилоят ба кишти картошка оғоз бахшида, ба хоҷагидор муваффақияту бурдборӣ хостанд ва барои саҳми онҳо дар самти кишоварзии вилоят ва ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...