Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД


ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД




Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид баъд аз боздиди раванди истифодаи самарабахши заминҳои кишти кишоварзии мевзеи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Ш. Шоҳин дар қасри фарҳанг қабул ва муроҷиати шаҳрвандонро гузаронид.  

Ба раиси вилоят 13 нафар шаҳравндон муроҷият намуданд. Аз ҷумла  2 нафар омӯзгорони ҷавон ҷиҳати таъмин намудани онҳо ба заминҳои наздиҳавлигӣ ба раиси вилоят муроҷият намуданд.
 

Ҳамзамон як гурӯҳ деҳқонон ҷиҳати таъмири насосҳои обкашонӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқони ба оби полезӣ муроҷиат намуданд, ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони мактаб ва муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ ва дигар масоил муроҷиат намуданд.

Раиси вилоят ба масъулони ташкилоту идораҳои ноҳиявию вилоятӣ барои ҳалли масъалаҳои муроҷиати шаҳрвандон дастуру супориш дод.



Дар поёни вохӯрии мазкур раиси вилоят оид ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, тайёрии пурраи муассисаҳои тандурустиву маориф баҳри хизматрасонӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ба раиси ноҳия ва масъулони ҳукумат дастуру супориш дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода