САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 351
Субҳи имрӯз, 31 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ, кишти картошка, мулоқоту суҳбат бо сокинон, ба ноҳияи Муъминободи сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст, раиси вилоят аз раванди истифодаи самарабахши заминҳои кишти кишоварзии мевзеи Чашмасор дидан намуд.
Бояд гуфт, ки заминҳои кишти кишоварзии мевзеи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Ш. Шоҳин дар 18 км шоҳроҳи Муъминобод-Кӯлоб ҷойгир мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки заминҳои кишти кишоварзии мевзеи Чашмасор дорои 5 хоҷагии деҳқонӣ буда, дар майдони 10 га картошка, 1 га пиёз ва 1,20 га лубиёгиҳо кишт шудааст, ки нашъунамои кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳолати хуб қарор дорад.
Зимни суҳбат бо кишоварзон раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд кард, ки омилҳои асосии баланд бардоштани иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди бесобиқаи соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Бо мақсади расидан ба ҳадафи мазкур аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ вилоят ва ноҳияро мебояд дар ин самт пайваста талош намоянд.
- Кишвари мо барои рушди соҳаи кишоварзӣ шароити мусоид дорад, - афзуд раиси вилоят. - Масъулони соҳаро мебояд дастуру супориш ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарордода ҷиҳати самаранок истифодаи заминҳои корам камари ҳиммат банданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00