Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қабули сайёри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон


Қабули сайёри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон




Имрӯз, 27 апрел, дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба расонидани ёрии амалӣ барои баргардонидани муҳаррики пойгоҳи обкашӣ, насби пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини об ба заминҳои кишоварзӣ, расонидани ёрии амалӣ барои тоза кардани селроҳа, вусъати раванди татбиқи лоиҳаи таҷдиду азнавсозии пойгоҳу иншоотҳои мелиоративӣ ва дар навбати аввал анҷом додани корҳо дар мавзеъҳои хавфноку осебпазир, дарёфти гранти раиси вилоят барои соҳибкорзанон, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, барқарор кардани қитъаи садамавии Лойқасой, расонидани кӯмаки молиявӣ барои табобат, ёрии моддӣ барои таъмири манзили истиқоматӣ, пешгирию бартарафкунии ҳолати садаманокии қитъаи шоҳроҳ, барқароркунии канализатсияи беморхонаи марказӣ мусоидати раиси вилоятро хостанд.



Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода