«Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 307
Дар доираи моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон курси омодасозии “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” бо фарогирии 35 нафар кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии кишвар оғоз гардидааст.
Дар ин давраи омӯзишӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, олимон ва хизматчиёни давлатӣ ба ҷавонон доир ба таҷрибаҳои муваффақи худ нақл мекунанд.
Чунин мулоқот дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид, ки дар он муовини ректор Хурсанд Ҳамдамзода дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир ба дастгириҳо ва таваҷҷуҳи бевоистаи Пешвои миллат ба самти маориф баромад намуд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки курси мазкур ду моҳ давом намуда, баъди хатми он иштирокчиён бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00