Давлаталӣ Саид: «Беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 302
Имрӯз, 26 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ, мулоқоту суҳбат бо сокинон, боздид аз корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст, раиси вилоят аз раванди истифодаи самарабахши замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” Абдураҳмон Иззатуллоев дидан кард. Замини наздиҳавлигии ӯ аз 0,10 гектар иборат буда, айни ҳол бо мақсади таъмини хонаводаи худ ва таъмини бозор бо маҳсулоти хушсифати барвақтӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигиаш барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ 4 гармхона ташкил намудааст. Дар 3 гармхона парвариши барвақтии қаланфури булғорӣ ва дар яктои дигар парвариши бодирингро ба роҳ мондааст. Дар 0,2 гектар қитъаи боқимондаи замини наздиҳавлигиаш картошка кишт кардааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Гагарини ноҳияи Кӯшониён, ҳамчунин аз қитъаи заминҳои хоҷагии ёрирасони сокинон, ки дар миёни мардум ҳамчун “замини президентӣ” маъмул аст, шинос шуд.
Масоҳати заминҳои хоҷагии ёрирасони президентии сокинони деҳа 4 гектарро ташкил дода, дар ин қитъаҳои замин зиёда аз 40 нафар ба кишти маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум, аз қабили пиёз, карам, гулкарам, боимҷон ва дар як қисми он бо ташкили гармхонаи мавсимии парвариши маҳсулоти барвақтӣ кишти помидор, бодиринг, картошка ва дигар маҳсулотро ба роҳ мондаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид самаранок истифода бурдани заминҳоро аз ҷониби сокинони деҳаи мазкур намунаи ибрат хонда, таъкид дошт, ки дар замони муосир ҳар сокини вилоят вазифадор аст, ки ҳар ваҷаб замини дарихтиёрдоштаашро мақсаднок истифода барад.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят дар деҳаи Элти Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” аз маъракаи ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Бегиҷон” боздид намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Бегиҷон” дар масоҳати 5,85 гектар замин ташкил гардида, хоҷагидорон дар масоҳати 4 гектари он кишти пиёзи барвақтиро ба роҳ мондаанд. Имрӯз деҳқонон ҳосили фаровон ва дастранҷи худро ҷамъоварӣ карда истодаанд. Хоҷагидорон, ҳамчунин дар 1,85 гектар замин боғи зардолу, шафтолу, олу ва гелос ташкил карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёнаи истиқоматӣ шинос шуд.
Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки бино аз 10 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо усули меъмории муосир, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони нав бунёд мегардад.
Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми бино марказҳои савдо ва хитзматрасонӣ ва дар дигар ошёнаҳо 81 манзили истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрадор ҷойгир хоҳад шуд. Бинои мазкур бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ дар масоҳати 1100 метри мураббаъ сохта мешавад.
Сохтмони биноро ширкати сохтмонии “Шамсиддини ҷавон”-и ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби 15 нафар мутахассисон ва сохтмончиён ба уҳда дошта, тибқи нақша, он моҳи декабри соли 2024 ба истифода дода мешавад. Бинои истиқоматӣ бо хати оби нӯшокӣ, хати обу корез, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, майдончаи бозиҳои кӯдакона ва лифти баландсуръати замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Ҳамзамон, раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ барои 150 ҷойи нишаст шинос гардид. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур бо маблағгузории шарикони рушд сохта шуда, таълим дар муассиса таъмини тамоми шароити муосир, аз қабили утоқҳои барҳавои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо сохтмончиён ва масъулин таваҷҷуҳи онҳоро барои сифатнок анҷом додани корҳо ва ташкил намудани маркази гармидиҳӣ ҷалб намуд.
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Ибни Синои маркази ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи дӯзандагии либосҳои миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мағозаи мазкур дар ошёнаи якуми бинои чорошёнаи истиқоматӣ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амиралӣ Сафаров дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Дар ошёнаҳои болоии бино 8 манзили истиқоматии 1 ва 2-хуҷрагӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2023 оғоз гардида, пас аз ба истифода додан, то 7 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи бино ба соҳибкор барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуд. Таваҷҷуҳи соҳибкорон ва фурӯшандагонро барои хизматрасонии сатҳи баланд ва молу маҳсулоти босифат равона сохта, иброз дошт, ки ҷалб намудани сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат буда, тавассути он мо ба ҷаҳониён тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи худамонро муаррифӣ менамоем.
- Лозим аст, ки дар мағозаҳои армуғонӣ ҳарчи бештар маҳсулоту дастранҷҳои ҳунармандону косибони маҳаллӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шавад, зеро бо ин роҳ мо метавонем ҳам сайёҳонро ба вилоят бештар ҷалб намоем, ҳам сокинони маҳаллиро ҳавасманду ҳунармандонамонро дастгирӣ кунем, - гуфт Давлаталӣ Саид.
Зимни мулоқот бо сокинони маҳаллӣ раиси вилоят онҳоро ба риояи талаботи қонуни танзим, сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ намудани зиёдаравию исрофкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ ва ободонию созандагӣ даъват намуд.
- Дар баробари ин, дар шароити ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ, ҳамаи моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, - таъкид намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Ҳар яки мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти беморхонаи марказии ноҳия шинос шуд. Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи марказии ноҳия яке аз беморхонаҳои калонтарини вилоят ба шумор меравад.
Раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати аз таъмири пурра баровардани бино, сарсабзу хуррамгардонии гирду атрофи он, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Н. Маъмурзода,
Т. Толибзода,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...