Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гардиши савдо дар вилоят афзудааст


Гардиши савдо дар вилоят афзудааст




Дар семоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои чакана, яклухт, таъмиру хизматрасонии техникии автомобилҳо, мототсиклҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва лавозимоти автомобилӣ дар вилояти Хатлон ба 4 миллиарду 120 миллиону 641 ҳазору 800 сомонӣ баробар шуд.

Аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” хабар доданд, ки гардиши моли чакана дар корхонаҳои расман бақайдгирифташудаи вилоят 670 миллиону 602 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар ин давра ба маблағи 720,8 миллион сомонӣ чорвои зинда, 440,4 миллион сомонӣ маҳсулоти нафтӣ, 45,5 миллион сомонӣ хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳо, 64,5 миллион сомонӣ автомобилҳо, мототсиклҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ва ба қадри 685 миллион сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шудаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода