Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сохтмони 1303 синфхона идома дорад


Сохтмони 1303 синфхона идома дорад




Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот ба маблағи умумии 2,6 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 44,1 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад.

Тавре ки аз шуъбаи сохтмон ва меъмории дастгоҳи раиси вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, давоми солҳои 2023-2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмуъ, 21 иншооти соҳаи маориф иборат аз 122 синфхона барои 3050 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 6100) мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон дар 189 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони иншооти соҳаи маорифи вилояти Хатлон, иборат аз 1303 синфхона барои 31272 ҷойи нишаст идома дорад.

Бино ба хабари масъулин, дар миқёси вилояти Хатлон ба масофаи 450 километр роҳҳо ба маблағи умумии 24,1 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ шудаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода