Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сармураббии дастаи “Вахш” истеъфо дод


Сармураббии дастаи “Вахш” истеъфо дод



Баъди нокомиҳои пайдарпайи дастаи “Вахш”–и шаҳри Бохтар дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ сармураббии даста Тоҳир Муъминов истеъфо дод, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии даста.

Дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии (u-23), тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Таиланд рақобат намуда, аз гурӯҳи худ набаромад.

Тими ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии ASIAN CHAMPIONSHIPS INDIVIDUALS-2024 ширкат карда, 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Футзалбозони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Қирғизистон, Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ рақобат намуда, бо ду мусовӣ ва як ғалаба дар садри ҷадвал қарор гирифт. Таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бори дуюм пайиҳам ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дастаи Афғонистон аст.

Бояд гуфт, ки баъди бохти 3-юм аз дастаи “Барқчӣ” Т. Муъминов дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон иброз дошта буд, ки омодааст баъди нокомиҳо аз мақомаш канор равад.

– Ба ҳар ҳол, қарори ниҳоиро роҳбарияти даста мегирад. Агар мувофиқ бошанд, корро идома медиҳем, агар не, ман омодаам, ки курсиро холӣ кунам, - гуфт Муъминов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дастаи “Вахш” дар мавсими имсола барои Лигаи якум омодагӣ мегирифт ва ба гуфтаи коршиносон, барои рақобати хуб нишон додан дар Лигаи олӣ ҳайати он ба таври зарурӣ мустаҳкам нест. Муъминов низ дар мусоҳибаҳои худ ин нуктаро қайд намуда буд.

Аз дастаи “Вахш” ба мо иттилоъ доданд, ки ҷойгузини Муъминов рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода