Шоири ватандӯсту ваҳдатсаро
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 216
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар осори даврони Истиқлол» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 50-умин солгарди фаъолияти эҷодии Муҳаммад Ғоиб, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод иброз дошт, ки ҳамоиши илмиву фарҳангӣ дар ҳошияи дастуру супоришоти хирадмандонаву маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарбияи маънавии шаҳрвандон ва ҷомеаи кишвар баргузор мегардад.
Сипас, шоирон Ато Мирхоҷа, Ҳақназар Ғоиб, Сафар Амирхон, муҳаққиқон Мисбоҳиддин Нарзиқул, Ёралӣ Содиқов доир ба паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва таҳлили мавзуъҳои ашъори шоир суханронӣ ва маърӯзаи илмӣ намуданд.
Дар идома устод Муҳаммад Ғоиб - Шоири халқии Тоҷикистон, аз ашъори худ порчаҳои шеъриро ба аҳли нишаст қироат намуда, ҳамагонро барои дӯст доштани марзу бум ва садоқат ба халқу миллат даъват намуд.
А. АЛИ ШЕР, «Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...