Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тоҷикистон шукуфад аз ташаббуси Пешво!


Тоҷикистон шукуфад аз ташаббуси Пешво!


Бо ташаббуси идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят китоби “Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан” аз чоп баромад.

Рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ба ҳаёту фаъолият, ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳамарӯза дода, хабару мақолаҳои намояндагони соҳаҳои гуногунро оид ба ин масъала ба чоп расонидааст. Муаллифони мақолаҳо фаъолияти Роҳбари давлатро бо мисолҳои ибратбахш ба тарзи шоиста нишон додаанд.

Мардуми Тоҷикистон шоҳиданд, ки Сарвари давлат бо ҷасорату мардонагӣ, ташаббусҳои ҳимматбаландонаи байналмилалӣ сазовори обрӯ, ҳурмату эҳтироми самимии мардуми кишвар гардидааст.

Пешвои миллат дар яке аз баромади худ бо шеъри Абулқосим Фирдавсӣ ба ин дигаргуниҳо ишора намуда, гуфта буд: “Пай афкандам аз назм кохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд”.

Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон бо ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат дар айёми соҳибистиқлолӣ ободу зебо гаштааст. Имрӯз вилояти Хатлон, ки дар ҷанг бештар хароб гашта буд, ба диёри биҳиштосо табдил ёфта, аз он вайронаҳо осоре боқӣ намондааст.

Дар шаҳру деҳоти вилоят мардум пурсамар кор карда, корхонаҳо, заводу фабрикаҳои нав бунёд шуда, ба ҳусни диёрамон ҳусни тоза мебахшанд. Ана ҳамин дигаргуниҳои фараҳбахш дар китоби “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан” баён ёфтаанд.

Б. Сайдалиев

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода