Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҷассамаи шоир гузошта мешавад


Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҷассамаи шоир гузошта мешавад



Дар боғи фарҳангии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷассамаи мутафаккири барҷастаи тоҷику форс, шоир Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта мешавад. Дар ин бора ба рӯзномаи «Хатлон» Фахриддин Давлатов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, иттилоъ дод.

Тибқи иттилои Ф. Давлатов, муҷассама аллакай омода буда, айни ҳол дар боғ корҳои дигари сохтмонӣ ҷараён дошта, гузоштани фаввораҳо, гулзор намудани боғ, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва равшаннамоии он идома дорад. Айни замон, ба корҳои таъмирӣ ду нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Иқдоми мазкур бо ташаббус ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ роҳандозӣ шуда, он бо сутунпоя 10 метр баландӣ дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки ноҳия соли 1930 бо номи Арал таъсис ёфта, соли 2004 ба хотири бузургдошти шоири маҳбуб Абдураҳмони Ҷомӣ номгузорӣ шудааст.

Абдулло Риоев, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода