Таъсиси Ситоди вилоятӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 217
Бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид Ситоди вилоятӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик таъсис дода шудааст.
Тибқи иттилои охир, дар натиҷаи омадани сел аз сойи Шӯрак дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ба ҳавлии 162 манзил об даромада, 25 бинои ёрирасон хароб шудааст. Дар пайи ин ҳодиса 2 хона пурра вайрон ва 2 хонаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест.
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сохтору мақомоти дахлдор аз маҳалли офати табиӣ дидан намуда, вобаста ба ҳисоби ҳаҷми зарар ва рафъи оқибатҳои он тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро меандешанд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд. Охири ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 125 хонаводаи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, навоҳии Рӯдакӣ ва Темурмалики вилояти Хатлон, ки бар асари боронҳои сели рӯзҳои 14-15 апрел зарар дидаанд, кумак расонид.
Кумакҳои расонида асосан аз маводи ғизоӣ, маводи мавриди ниёзи аввал, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои тозакунандаи об иборат буданд. Онҳо ба ҷамоатҳои деҳот расонида шуда, дар ҳузури комиссияҳо ба ниёзмандон тақсим гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар фасли баҳор омадани сел дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад. Бо мақсади ҳимояи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз пайомадҳои сел мутахассисон ба сокинони маҳаллӣ тавсия медиҳанд, ки аз қабл селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди манзилҳои худро аз ҳар гуна сангу хасу хошок тоза кунанд.
Дар ҳамин иртибот, ба сокинони ноҳияҳо маслиҳат дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо ба ғунучини ҳезум, дорувор, шикор ва моҳидорӣ нараванд. Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ чорвочаронӣ тавсия дода намешавад.
Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ бештар эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Аммо қабл аз сафар ҳатман дар бораи вазъи роҳҳо иттилои заруриро ба даст оранд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...