Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Оқибати хурофот -ҶОҲИЛИЯТ!


Оқибати хурофот -ҶОҲИЛИЯТ!




Ходимони милитсия дар вилояти Хатлон боз 20 соҳиру фолбин ва ҷодугарро боздошт карданд

Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ амали ғайриқонунӣ буда, бозгӯи ҷаҳолату хурофот аст. Дар паси ҳар як амали ғайриинсонии онҳо хатарҳои тафриқаву низоъ ва хусумату вайроншавии оилаҳо меистад.

Яке аз сабабҳои аз байн нарафтани амалҳои ҷодугариву сеҳргарӣ ва фолбинӣ сӯистифода аз шуурнокии пасти динии баъзе аз нафарони хурофотпараст мебошад, ки новобаста ба овардани далелҳои мушаххас оид ба маҳкум намудани амалҳои болозикр аз ҷониби шариати ислом, ҳамоно назди фолбину ҷодугар рафта, ба кӯрхату чашмбанд, чилбанду тӯмор, таштобу оби қайтарма, риштаи сардарду миёндард ва кушоиши кор эътимоди қавӣ доранд.

Новобаста аз фаҳмондадиҳии ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, боз ҳастанд нафароне, ки дидаву дониста даст ба фолбиниву ҷодугарӣ мезананд ва сеҳру ҷоду ба як манбаи даромади онҳо табдил ёфтааст.

Мусаллам аст, ки шахсони ба худ нобовар, сустирода ва тарсу бештар ба назди фолбинҳо мераванд. Инсоне, ки ба ақлу заковат, донишу таҷриба ва иродаи худ эътимод дорад, ҳеҷ гоҳ ба фолбин - ин нафарони қаллобу ҷоҳил ва дурӯғпардозу бетақво муроҷиат нахоҳад кард.

Тавре ки аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, кормандони мақомоти милитсияи вилоят дар натиҷаи гузаронидани санҷиш боз чандин далели машғул шудани сокинонро ба сеҳргариву ҷодугарӣ, фолбиниву бо усулҳои ғайриинсонӣ табобат намудани шаҳрвандони беморро муайян сохтанд. Инҳо:

- Юлдошев Раҳим, бо тахаллуси Қорӣ-Бобо, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Вахш;
- Саломов Назрулло, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Вахш, имомхатиби масҷиди ҷомеаи панҷвақта ба номи Усмони Зиннурайн;
- Ибрагимов Ҳалим, соли таваллудаш 1940, сокини Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и ноҳияи Вахш;
- Сижоатов Ҳабибулло, соли таваллудаш 1981, сокини Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”, ноҳияи Вахш, муаззини масҷиди панҷвақтаи ба номи Ҳазрати Умар;
- Холбоев Намозалӣ, соли таваллудаш 1968, сокини Ҷамоати деҳоти Г. Юсуповаи ноҳияи Ёвон;
- Сафарова Ҳабиба, соли таваллудаш 1989, сокини Ҷамоати шаҳраки “Муъминобод”-и ноҳияи Муъминобод;
- Сафарова Ашурой, соли таваллудаш 1961, сокини Ҷамоати шаҳраки “Панҷ”, ноҳияи Панҷ;
- Одинабеков Умар, соли таваллудаш 1947, сокини Ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат”, ноҳияи Панҷ;
- Менглиматова Бибитурсуной, соли таваллудаш 1963, сокини Ҷамоати шаҳраки “Панҷ”, ноҳияи Панҷ;
- Алтиев Тоштемир, соли таваллудаш 1947, сокини Ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав;
- Абилфайзова Фирӯза, соли таваллудаш 1989, сокини Ҷамоати деҳоти “Пахтаобод”-и ноҳияи Шаҳритус;
- Норбутаева Зумрат, соли таваллудаш 1954, сокини Ҷамоати деҳоти “Пахтаобод”-и ноҳияи Шаҳритус;
- Қараева Салима, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Вахш;
- Каримов Маҳмасаид Худойназарович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Панҷ, Ҷамоати деҳоти “Озодагон”;
- Ғуломов Саид, соли таваллудаш 1960, сокини деҳаи Вахши шаҳри Левакант;
- Муҳтоҷова Муҳиба, соли таваллудаш 1954, сокини Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант;
- Сафаров Шарофиддин, соли таваллудаш 1947, сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор;
- Сангова Оимгул, сокини Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш;
- Сандарова Ашурой Сардоровна, санаи таваллудаш 1961, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ;

- Мирзоев Сулаймон, санаи таваллудаш 1938, истиқоматкунандаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Ҷамоати деҳоти “Доғистон”, деҳаи Дараи об.

Ходимони милитсия зимни санҷиш муайян карданд, ки номбурдагон муддатест дар манзилҳои истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, ҳамзамон дар муҳити ғайрисанитарӣ ба хунгирӣ (ҳиҷома), аловгардон, момагӣ (як намуди сеҳргарӣ), дамандозӣ бо асбобҳои ғайрисанитарӣ, хаткашӣ ва навиштани ҳарфҳои арабӣ дар бадани муштариён, махсусан занон, додани таштобу тӯмор низ машғул будаанд.Вобаста ба ҳар як далели ошкоргардида нисбати дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки давоми ду моҳи охир аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумораи зиёди сеҳргарону фолбинҳо, ки ба мардумфиребӣ машғуланд, дастгир шудаанд. Зимни азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии дастгиршудагон миқдори зиёди ашёи барои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ истифодашаванда, аз ҷумла шамъу испанд, доира, тозиёна (қамчин), ҳамчунин расму суратҳои бо сӯзан сӯрохшудаи шаҳрвандон, варақпораҳо бо навиштаҷоти арабӣ (дар аксар ҳолат худи соҳиру фолбин маънии навиштаҷоташро намедонад), далелҳои хурофотӣ ба монанди “чилбанд”, “чашмбанд”, “кӯрхат”, “тӯмор”, “таштоб”, “оби қайтарма” ва ғайра ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Мардуми солимфикри ҷомеаро мебояд дар якҷоягӣ тамоми унсурҳои хурофотии дар зеҳни баъзе ашхоси ноогоҳ рушдёфтаро решакан карда, ба амалҳои қаллобону мардумфиребон нуқта гузоранд, зеро бо бесаводӣ, хаёлпарастӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷое намерасад ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар арсаҳои мухталифи ҳаёт ғайриимкон мегардад.

Қобили зикри хос аст, ки имрӯзҳо илму технологияи табобатии соҳаи тандурустӣ дар сатҳи зарурӣ тараққӣ ва ташаккул ёфтааст, ки шаҳрвандонро мебояд ба ҷойи муроҷиат ба ин тоифаи мардумфиреб ба тибби муосир рӯ оваранд.

Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода