Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рамзи дӯстии тоҷику узбек


Рамзи дӯстии тоҷику узбек



Тайи солҳои охир дар асоси сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстии ду миллату давлат рӯз то рӯз мустаҳкам гардида, мубодилаи иқтисодиву тиҷоратӣ рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Маврид ба зиёри хос аст, ки соли 2021 Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд як муассисаи таълимӣ ва Узбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як муассисаи тандурустиро сохта, барои мардуми якдигар туҳфа намуда буданд.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиён дар семоҳаи аввали соли 2024 ба аҳолии ноҳияи Қубодиён ва навоҳии гирду атрофи он хизматрасонии сифатноки тиббиро ба роҳ монда, дар ин давра ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Маҷмаа дорои 250 кати бистарӣ буда, аз 20 шуъба ва се ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад. Муассисаи мазкур пурра бо мутахассисони баландихтисос таъмин аст. Дар як рӯз ба маҷмааи тандурустии болозикр аз 250 то 300 нафар муроҷиат менамоянд.

Дар семоҳаи якуми соли равон аз ҷониби мутахассисони маҷмаа ба 2285 нафар сокинон хизматрасонии тиббӣ намудаанд, ки аз ин шумора 1248 нафар баъди шифоёбӣ ба хонаҳояшон рухсат шудаанд. Миёни шифоёфтагони маҷмаа сокинони ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав, Шаҳритус, Дӯстӣ, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд. Ҳамзамон, сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳад аз Ҷумҳурии Узбекистон низ ба ин беморхона муроҷиат менамоянд.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиён имконият дорад, ки ба сокинон хизматрасониҳои зерин ро дар сатҳи баланд гузаронад: ташхисҳои эндоскопии узвҳои ҳозима, ташхиси фармосавтӣ, рентгени рақамӣ, таҳлили биохимия ва умумии хун, таҳлили умумии пешобу фазла, ВНМО, КОВИД-19 ва ғайра. 

Ҳамчунин марказ бо дастгоҳҳои наву замонавии истеҳсоли давлатҳои хориҷа таъмин буда, сокинон имконият доранд, ба маркази вилоят ва пойтахт нарафта ташхису табобатро дар ҳамин ҷо гиранд. Дар ихтиёри идора ду адад автомобили “Ёрии таъҷилии тиббӣ” барои интиқоли беморон ба беморхонаҳои Душанбеву Бохтар шабонарӯзӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Шуъбаи таваллуди муассисаи тандурустӣ яке аз бахшҳои асосии беморхона ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъба 479 нафар зан муроҷиат намуданд.

Тибқи иттилои сартабиби Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиён доктори илмҳои тиббӣ Файзалӣ Назарзода баланд бардоштани малакаи кори кормандон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, дар соли 2024-ум 10 нафар кормандон бо мақсади бозомӯзӣ ва мубодилаи таҷриба ба марказҳои илмӣ, институт ва беморхонаҳои дил, эҳё, урологӣ, чашм, осебшиносии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон фиристонида шуданд.

-Дар беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Узбекистон як нафар доктори илмҳои тиб, 10 нафар табибони дараҷаи олӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Айни замон як табиби беморхона барои ба курси бозомӯзии ҷарроҳӣ ва бемориҳои рагҳои шараёнӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва се нафар ҷарроҳи дигар дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

Ният дорем, дар ояндаи наздик баъди ворид намудани таҷҳизоти наву муосир ташхису табобати дигар намуди бемориҳоро ба роҳ монем, - гуфт Ф. Назарзода.

Дар асл Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиён яке аз муассисаҳои тандурустии аз ҷиҳати таъминнокии таҷҳизот дар кишвар пешсаф ва намунавӣ буда, рамзи дӯстии миллати тоҷику узбек ба шумор меравад.

Толиб Толибзода ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода