Робитаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва Узбекистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 338
Таҳкими ҳамкориҳои неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд.
Сафари давлатии таърихии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, 9 марти соли 2018 ва сафари давлатии таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон, 17 августи соли 2018, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ бахшиданд.
Тавре ки маълум аст, решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику узбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём робитаҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд.
Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ иҷтимоию иқтисодӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими муносибатҳо бо ҳамсоядавлати Узбекистон буд ва ҳаст. Омили дигари ҳамзистии осоишта бо Ҷумҳурии Узбекистон ин мансубиятҳои этникӣ аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон теъдоди зиёди намояндагони халқи узбек ва теъдоди зиёди тоҷикон дар ҳудуди Узбекистон зиндагӣ менамоянд.
Дӯстии халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дошта, ин ду халқи ҳамсоя асрҳо дар қаламрави воҳид умр ба сар бурда, шарики ғаму шодии ҳамдигар гардидаанд. Ин анъанаи нек дар замони соҳибистиқлолии кишварҳоямон идома ёфта, муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон моҳи октябри соли 1992 аз нав барқарор гардиданд, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ 32 сол сипарӣ мешавад. Имрӯзҳо дар ҳар ду кишвар ба муносибати барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ чорабиниҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки онҳо дӯстиву бародарии халқҳои тоҷик ва узбекро боз ҳам таҳким мебахшанд.
Бояд гуфт, ки дар барқарор кардани муносибатҳои дӯстона кӯшиши ду сарвари давалат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ниҳоят бузург мебошад. Онҳо ба хотири таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо ҳам мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, мушкилоти ҷойдоштаро аз миён бардошта, роҳи мусолиматомези рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро омили муҳимми пешрафти ҳар ду кишвар эълон карданд ва барои амалӣ шудани онҳо иқдомҳои ватандӯстонаро пеш гирифта, барои уствор кардани дастовардҳои таърихӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон миёни сохторҳои мухталифи давлативу хусусӣ беш аз 200 созишнома ва шартномаҳо ба имзо расиданд, ки ҳар кадом дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидати калон намуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки дар муддати шаш соли охири шарикии стратегӣ ва ҳамҷаворӣ (солҳо 2018 – 2024) дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамкориҳо вусъат ёфта, дар муносибатҳои дуҷониба комёбиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Махсусан, дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба маротиб густариш ёфта, байни корхонаву муассисаҳо ва марказҳои савдову тиҷоратии ду кишвар гардиши молу маҳсулот ба маротиб боло рафтааст.
Агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 287 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 миллион доллар ва дар соли 2020 бо дарназардошти мушкилоти пандемияи COVID–19 ба 333,8 миллион доллари ИМА баробар гаштааст.
Ҳамзамон, дар соли 2021 гардиши савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 447,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 он 114 миллион доллар (34,2%) зиёд мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар 6 соли охир 37 баробар афзоиш ёфтааст. Дар соли 2022 ин рақам ба 173,6 миллион доллар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 40,5 миллион доллар ё 30,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ – ноябри соли 2022 гардиши умумии савдо 503 миллион доллари ИМА – ро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 155,2 миллион доллари ИМА зиёд аст. Маълумотҳои оморӣ далолат аз он мекунанд, ки роҳбарияти олии ду кишвар ба савдои хориҷӣ ва гардиши мол диққати аввалиндараҷа дода, баҳри некуаҳволии халқ кӯшишҳои зиёд намуда истодаанд. Сохтори молии содиротро асосан неруи барқ, семент, нахи пахта, металли сиёҳ (арматура), алюминии аввалия ва сохтори молии воридотиро аз Ҷумҳурии Узбекистон маҳсулоти гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки содироти мол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон зиёда аз 59,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 33,3 миллион доллар ё 2,3 маротиба зиёд мебошад. Воридоти мол аз Ҷумуҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба зиёда аз 114 миллион доллари ИМА баробар гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,2 миллион доллар ё 6,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2021 ҷиҳати роҳандозии рушди ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ ва ғайра байни мақомот ва тоҷирону сармоягузорони ду кишвар зиёда аз 40 созишномаву ёддошт ба имзо расонида шудааст.
Тавре ки маълум аст, Тоҷикистону Узбекистонро таърихан муносибатҳои неку дӯстонаи чандинасра ба ҳам мепайванданд ва ин дар оянда бояд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваста идома ёфта, мувофиқи имкониятҳо бо манфиати ҳарду кишвар ривоҷу равнақ ёбад. Дар баробари ин, айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ, аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нафт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ғайра сохта шудаанд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар ин минтақа то 5 миллион тонна солона пешбинӣ мешавад, ки ин гувоҳи ояндаи нек ва рушди соҳа мебошад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистону Узбекистон метавонанд дар бахшҳои электроэнергетика, хоҷагии об, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва инчунин ҷалби васеи доираҳои соҳибкорон барои ташкили корхонаҳои муштараки ду кишвар ҳамкориҳои худро ҷоннок намуда, ба раванди рушди муносибатҳои тиҷорию иқтисодии худ вусъат бахшанд.
Бекмурод НАИМОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-11-2022, 11:33
Вилояти Хатлон расман 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...