Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бохтар. ФОРУМИ "ОМӮЗГОРИ НАВОВАР"


Бохтар. ФОРУМИ "ОМӮЗГОРИ НАВОВАР"




Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Бохтар озмуни "Омӯзгори навовар" баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода,  намояндагони Вазорати маориф ва илм, шарикони рушд ва омӯзгорони навовару пешсафи муассисаҳои таълимии лоиҳавии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор ташкил гардидааст. Соли дуюм аст, ки озмун дар заминаи ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо шарикони рушд гузаронида мешавад. 

Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии озмун омӯзгоре аз муассисаи таълимии рақами 2-и ноҳияи Данғара ғолиб дониста шуда буд.

Аъзои ҳакамон ва меҳмонон аз эҷодиёту навоварии омӯзгорон дидан карда, баҳогузорӣ намуданд. Ғолибон муайян шуда, мавриди қадрдонӣ қарор мегиранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода