“СОҲИБВАТАН”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 326
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон, ходимони дин баён доштанд ва дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва идораи рӯзномаи "Хатлон" озмуни муштараки эҷодӣ таҳти унвони “СОҲИБВАТАН” баргузор мегардад.
Дар озмуни мазкур рӯзноманигорон, донишҷӯён, шаҳрвандони касбу кори гуногун ва ҳамаи алоқамандони эҷод иштирок карда метавонанд.
Ба баррасии масъалаҳо оид ба тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, нишон додани муқовимати устувор ба раванди зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, бозтоби иқдомҳои шоистаи шаҳрвандоне, ки аз маблағи ҷамънамуда барои ҳаҷ дар таъмини зиндагии сазовори хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намудааст, бозтоби равандҳои бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, хатарҳои тафриқа ва низоъҳои диниву мазҳабӣ, ҳамзамон таъсири номатлуби терроризму экстремизми динӣ ба ҷомеа ва давлат, баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, дарки арзишҳои миллӣ, масъалаи пешгирии гароиши ҷавонон ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили таассуби динӣ ва ифротгароӣ, пешгирии таълими динии ғайрирасмӣ миёни ҷавонон, арҷгузорӣ ба саҳми муҳофизони Ватан, масъулияти муҳофизати марзу буми Ватан, саҳми соҳибкорони ҷавон дар рушди вилоят, ташвиқи ташаббуси бунёдкорона ва ғайраҳо афзалият дода мешавад.
Озмун то 15 декабри соли 2024 идома карда, ғолибону фаъолон дар арафаи Соли нав бо диплому туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.
Ғолибони озмун ба таври зайл қадрдонӣ карда мешаванд:
- Ҷойи якум - 1500 сомонӣ;
- Ду ҷойи дуюм - 1000 сомонӣ (ба ҳар яке);
- Ду ҷойи сеюм - 600 сомонӣ (ба ҳар яке).
Инчунин, се иштирокчии фаъоли озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ (300 сомонӣ) аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят сарфароз гардонида мешаванд.
Беҳтарин маводҳо дар рӯзномаи “Хатлон” чоп гардида, пас аз ҷамъбасти озмун дар шакли маҷмуаи эссеҳо ба нашр расонида мешаванд.
Довталабон маводҳои худро дар ҳаҷми на беш аз 4 саҳифа, ҳуруфи андозааш 14-и Times New Roman ё Arial ) ба суроғаҳои зайл метавонанд фиристанд:
- 735140, шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов, 12, идораи рӯзномаи “Хатлон”;
- Имейл: khatlon.tj@mail.ru;
- WhatsApp ё Telegram ба шумораи (+992) 881-38-33-00.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...