Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОСЕЪ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «САДБАРГ»


ВОСЕЪ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «САДБАРГ»




Деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Садбарг»-и ноҳияи Восеъ заминро самаранок истифода бурда, барои бадаст овардани маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ,  дар масоҳати 3 гектар  боғ 1 гектар маҳсулоти полезӣ,  8 гектар пунбадона  ва дар 0,20 гектар гармхона бунёд намуда, ба парвариши қаламфури булғорӣ, бодиринги барвақтӣ ва дигар намуди сабзавот машғул аст.

Тибқи иттилоъи роҳбари хоҷагӣ Исуфов Нурулло хоҷагии мазкур бо ҷалби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ маъракаи кишти пунбадонаро дар 8 гектар ба анҷом расонида аллакай нашъунамои он дар сатҳи хуб қарор дорад. Ҷиҳати саривақт бо дарназардошти талаботи қоидаҳои агротехникӣ нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии мазкур масъулин тадбирҳои лозима андешида шудааст.

Дар гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Садбарг»-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ нашъунамои бодиринг ва қаламфури булғорӣ хуб буда то охири моҳи апрел ғундоштани ҳосили барвақтии бодиринг дар назар дошта шудааст.

 Исуфов Нурулло роҳбари хоҷагии мазкур мегуяд, ки мо имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон  муҳтарам Давлаталӣ Саид, баҳри самаранок истифода бурдани замин талош намуда истодаем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии мазкур дар баробари дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишти картошка ба роҳ монда шудааст, ки ҷиҳати таъмини бозорҳои ноҳия бо нархи дастрас аз ин навъи маҳсулот мусоидат менамояд.

Роҳбари хоҷагии мазкур аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ёдовар шуда иброз дошт, ки солҳои охир бо роҳандозӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ хоҷагиҳо бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин карда шудаанд, ки кори марди деҳқон дар шудгору кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил хеле осон гардидааст. 

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур тули чанд соли охир бо тавсияи олимони соҳа ва дастраси аз техникаҳои муосири кишоварзӣ дар ин самт ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки чунин нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Садбарг»-и  ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ аз муносибати хуби хоҷагидор ба замин шаҳодат медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода