ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМГОҲ БАРОИ 288 ХОНАНДА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 199
Имрӯз, 17 апрел, бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сафири Япония дар Тоҷикистон Тошихиро Аикӣ, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода дар деҳаи Қазоқободи Ҷамоати деҳоти "Маданият" бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тибқи лоиҳа, иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраи омӯзгорон ва 12 синфхона барои 288 нафар хонанда дар як баст мебошад.
- Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва таъмини рушди бомароми фаъолияти соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, - гуфт муовини раиси вилоят А. Абдусаломзода дар маросими ифтитоҳ. - Иншооти мазкур дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00