Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Олиҳаи меҳр» ҷамъбаст шуд


«Олиҳаи меҳр» ҷамъбаст шуд



Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими ҷамъбасти озмуни муштараки эҷодии идораи рӯзномаи «Хатлон» ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят - «Олиҳаи меҳр» доир гардид.

Озмуни мазкур бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади гиромидошти модар эълон шуда, аз рӯйи се номинатсия – «Беҳтарин маводи публитсистӣ», «Беҳтарин эҷоди назм» ва «Беҳтарин қироати онлайнӣ дар васфи модар» баргузор гардид.
 
Дар озмун кормандони ташкилоту идораҳо, омӯзгорон, рӯзноманигорон, шоирон, публитсистон ва ҳамаи алоқамандони эҷод аз тамоми гӯшаву канори кишвар иштирок намуданд.

Озмун моҳи январи соли равон оғоз гардида, то моҳи марти соли 2024 идома ёфт. То ҷамъбасти озмун ба идораи рӯзнома наздики 200 довталаб маводҳои худро ирсол намуданд.

Қобили қайд аст, ки бо мақсади таъмини шаффофияти озмун ва баҳодиҳии беғаразона маводи довталабон мавриди омӯзиши коршиносон қарор гирифта, ғолибони озмуни «Олиҳаи меҳр» ба таври зайл муайян шуданд.

Ғолибон аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин маводи публитсистӣ»:

• Ҷойи аввал - Беҳрӯз Қаюмӣ, корманди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон».

• Ҷойи дуюм - Қамариддин Одинаев, муҳаррири ТВ «Ҷаҳоннамо».

• Ҷойи сеюм - Азизи Фаттоҳ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Ғолибон аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин эҷоди назм»:

• Ҷойи аввал - Офоқ Ҷумъахонзода, корманди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

• Ҷойи дуюм - Зебуниссо Қосимова, директори МТМУ №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

• Ҷойи сеюм - Рӯъё Усмонӣ, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Ғолибон аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин қироати онлайнӣ дар васфи модар»:

• Ҷойи аввал - Кимиёхон Шарипова, корманди Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор.

• Ҷойи дуюм - Зайнаб Ҳусейнова, корманди маҷаллаи «Дин ва ҷомеа».

• Ҷойи сеюм - Моҳсафари Яҳёзод, рӯзноманигор ва Зайнабхон Ҳамидиён, хонандаи синфи 10-и МТМУ №6-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Дар вазъияти тантанавӣ Диплом ва мукофотҳо ба ғолибон аз ҷониби  сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода тақдим карда шуд.

Ҷ. ҚИЁМИДДИН,
Н. САИДАБРОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода