Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КИРМАКПАРВАРӢ ВА ИҶРОИШИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАҲОИ КИРМАКПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ВА ФАРХОР


КИРМАКПАРВАРӢ ВА ИҶРОИШИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАҲОИ КИРМАКПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ВА ФАРХОР




Дар ноҳияи Восеъ ва Фархор мавсими кирмакпарварӣ бо маром идома дорад.  Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ҷиҳати иҷрои банди 26 нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат 14 октябри соли 2019 баён доштанд, таҳия шудааст.

Баҳри иҷрои қарори мазкур,  аз ҷониби хоҷагидорони ноҳияи Восеъ ва Фархор бунёди захираи озуқаворӣ корҳои амалӣ анҷом ёфта, кирмакпарварӣ аз ҷонби хоҷагидорон бо маром идома дорад. 

Тибқи иттилоъи намояндаи пиллаи тоҷик дар ноҳияи Восеъ Эмомалӣ Садиров дар соли ҷорӣ тибқи нашқа ба зиёда аз 180 хоҷагидорони ноҳия 6 тонна кирмак барои парвариш тақсим карда шудааст. Соли 2023 аз ҳисоби хоҷагидорони ноҳя 600 киллограм пиллаи хушсифат ба даст оварданд. Имсол ба аҳолии ноҳия 175 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст. Хоҷагидорон ният доранд, ки дар раванди парвариши кирмак пиллаи хушсифат ба даст оваранд.   Барои ноил гардидан ба ин мақсад хоҷагидорон кушиш ба харҷ дода истоданд.

Ҳамзамон ин раванд дар ноҳияи Фархор низ бо маром идома дошта, хоҷагидорон дар ин самт фаъолияти хубро ба роҳ мондаанд.
Чигунае, ки намояндаи пиллаи тоҷик дар ноҳияи Фархор Муродов Додарбек иброз доштанд ба 200 хоҷагидорон бо миқдори 6600 киллограм кирмак тақсим карда шуда раванди парвариши он бо маром идома дорад.

Гуфта шуд, ки мақсади асосии барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад. 

Бояд тазаккур дод, ки аз қадим парвариши кирмак ифтихори миллии тоҷикон буд. Пилларесӣ, дӯхтани сарулибос, рӯймолҳои калон, рӯймолчаҳои чакан, бофтани шоҳию атлас ба ҳукми анъана даромада буд. Бошад, ки соҳа аз нав рушд ёбаду атласу шоҳии тоҷик боз ҳам оламгир шавад.

Солҳои охир ба ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти кирмакпарварӣ, таъмини коркарди барқарори корхонаҳои соҳа ва таъмини корбурди рушди он эътибори махсус дода мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода