Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОХӮРИИ САРДОРИ РВКД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАЗАРЗОДА ШАРИФ РАҲМОН БО МАОРИФЧИЁНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ


ВОХӮРИИ САРДОРИ РВКД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАЗАРЗОДА ШАРИФ РАҲМОН БО МАОРИФЧИЁНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ




Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз байн бурдани тамоюли манфии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти миллӣ, решакан намудани ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва бо назардошти аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон силсила вохӯриҳо бо намояндагони  шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимии минтақаи  Кӯлоб баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ сардори райёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, мудирони маорифи шаҳру ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.



Тавре гуфта шуд, ҳадафи асосии вохӯрӣ ин таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа буда, ба масъалаҳои баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ миёни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли маорифчиён пешгири намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ нигаронида шудааст. 

 Иттилоъ дода шуд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии як қатор лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ дар соҳаҳои инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон такони ҷиддӣ хоҳад дод. 

Дар рафти мулоқот доир ба ҳадафҳои дигари вохӯрӣ, аз ҷумла  ташкили фазои ҳамдигарфаҳмии дуҷониба байни маорифчиён, милитсия ва ҷомеа, баррасии фаврии арзу дархост ва пешниҳоду муроҷиатҳои шаҳрвандон, тарбияи ҳуқуқии ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу таърихӣ, бартараф намудани камбудиҳо дар маҳал, нигоҳдошти солимии ҷомеа ибрози назар карда шуд.  
Дар қисмати дигари мулоқот иштирокдорон низ баромад намуда, қайд доштанд, ки ҷиҳати аз байн бурдани падидаҳои номатлуб ва халалдоркунандаи суботу оромӣ дастаҷамъона талош меварзанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода