Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ


КӮЛОБ. БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ




Имрӯз, 15 март дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон омодагии қувваю воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ барои пуррагардонии қисмҳои низомӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиётбудаи шаҳрӣ баргузор гардид. 

Мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим- омодабошии шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ арзёбӣ гардид. Дар чорабини мазкур намояндаи ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Полковник Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусейн, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо Саттор, комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб подполковник Расулзода Саид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирад.


Иттилоъ дода шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд.

Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода