Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздиди раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти нашъунамои бодиринг дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар


Боздиди раиси Вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти нашъунамои бодиринг дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар




Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз гармхонаҳои  хоҷагии деҳқонии «Азимҷон» дидан намуд.

Дар ин гармхонаҳо парвариши  помидор ва бодиринги барвақтӣ дар масоҳати 3 гектар ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон раиси вилоят бо истифодаи самарабахши замини наздиҳавлигии шаҳрванд Саидов Фарҳод шинос шуда, ба шеваи кору натиҷаҳои баланди меҳнаташ баҳои баланд дод.

Фарҳод Саидов ҳамагӣ дар масоҳати 0,03 гектар гармхонаи бодиринги барвақтӣ ташкил карда, ҳосил ва даромади хуб ба даст меорад. 


Сокини маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар Бадриддин Маҳмадраҳимов низ дар масоҳати 0,06 гектар замини ҳавлиаш гармхонаи помидор ва бодиринги барвақтӣ сохта, ҳар як ваҷаби заминро оқилонаву пурсамар истифода мекунад ва соле ду-се ҳосил мерӯёнад.
                                          
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин бо гармхонаи помидор дар ҳавлии шаҳрванд Фурқат Қосимов ошно гардида, саҳми ӯву дигар сокинони маҳалларо дар таъмини амнияти озуқаворӣ чашмрас арзёбӣ намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода