Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб


Ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб




Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, Солҳои рушди саноат (2022-2026), «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (2020-2040) ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози конференсия иштирокдорон намоиши дастовардҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро дар соли 2023 тамошо намуданд.
Гуфта шуд, ки дар марҳилаи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ заминаи рушд ва пешрафти босуботи тамоми соҳаҳои мамлакат фароҳам гардид. Дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм ҷойгоҳи хосса касб намуд ва мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ қарор гирифт. Таҷлили Рӯзи илми тоҷик баёнгари он аст, ки фазои маърифативу маънавии ҷумҳурии мо дар садаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илмиву фарҳангӣ дорад ва устувор гардидани мавқеи илм дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти мамлакат гувоҳи натиҷаҳои илмии олимони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар 37 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр, таҳияи рисолаву монография ва китобҳои таълимию методӣ машғул мебошанд. Дар айни замон дар ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ 521 омӯзгор баҳри пешбурди фаъолияти таълимию методӣ саъю талош доранд.

Соли 2023 35 унвонҷӯю докторанти PhD-и донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Ҳоло 48 унвонҷӯ ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаи илмӣ таҳия намуда, дар арафаи пешниҳод ба шуроҳои дифоъ қарор доранд.
Дар конференсия аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ дар мавзуъҳои «Зан ва сиёсат: нақши занон дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ», «Нақши саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ дар рушди саноати миллӣ», «Принсипи эҳтироми умумии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд», «Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он» маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Бояд гуфт, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо мақсади истиқболи сазовори Рӯзи илми тоҷик аз 8 то 13 апрел Ҳафтаи илм эълон шуда, беш аз 1000 мақолаи ҳайати олимон, устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода