Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хизматрасонии тиббии ройгон барои сокинон


Хизматрасонии тиббии ройгон барои сокинон




Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола 7 апрел дар саросари олам қайд карда мешавад, рӯзи 6 апрели соли равон таҳти шиори «Саломатии ман - ҳукуқи ман» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чорабинии умумиҷумҳуриявии ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон гузаронида шуд.

Вақти чорабинӣ аз соати 7:00 то 12:00 буда, муассисаҳои тандурустии вилоятӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят машварат, муоина, ташхис ва табобати зарурӣ, аз ҷумла амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустиро ба таври ройгон (ба истиснои ташхису табобати гаронарзиш) дар вилояти Хатлон таъмин намуданд. Шумораи зиёди сокинони вилоят дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, аз имконияту шароити мусоид истифода бурданд ва вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар намуданд.

Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола бо шиорҳои гуногун қайд гардида, соли ҷорӣ он таҳти шиори "Саломатии ман-ҳуқуқи ман" баргузор гардид.

А. АБДУЛМАҶ ИД, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода