Бохтар. Иштироки раиси вилоят дар кишти пунбадона ва суҳбат бо сокинон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 233
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ аз рафти кишту кори баҳорӣ, оқилонаю самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи кофии маҳсулот дар ҳар хонадон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату вохӯрӣ бо сокинон дар маъракаи кишти пунбадона дар филиали Институти зироаткории шаҳри Бохтар иштирок намуд.
Нахуст, аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа якчанд навъи тухмиҳое, ки дар филиали Институти зироаткорӣ кишт ва парвариш карда мешавад, намоиш дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин мавсим дар филиали Институти зироаткорӣ дар майдони умумии 93 гектар кишти 15 навъи тухмии ватанӣ гузаронида мешавад.
Олимони соҳа иброз менамоянд, ки навъҳои ватанӣ нисбат ба тухмиҳои хориҷӣ ба иқлими шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мутобиқ буда, аз он гирифтани ҳосили баланд имконпазир аст.
Бо ин мақсад олимону мутахассисони филиал ба деҳқонону хоҷагидорони пахтакори вилоят тухмиҳои санҷидашуда ва серҳосилу хушсифатро ҳамасола пешкаш намуда, ба ин васила барои расидан ба иҷрои дурнамои истеҳсоли ин зироати техникӣ муваффақ мегарданд.
Дар ин маъракаи муҳими саҳроӣ ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар филиали Институти зироаткорӣ аз ҷониби олимони соҳа 22 навъи тухмии ватаниву хориҷӣ дар қитъаҳои намоишӣ-таҷрибавӣ парвариш карда шуда, он барои тобовар будан ба тағйирёбии иқлим низ нигаронида шудааст, ки пайваста дар ин қитъаҳо корҳои илмӣ бурда мешавад.
Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пурсамар истифода кардани ҳар қитъа замин ва аз он бардоштани ду-се ҳосил, вусъат бахшидани тадбирҳои сабзу хуррамгардонии муҳити зист, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, аз худ кардани илмҳои муосири замон ва ҷалби онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва аз ҳама муҳим саҳмгузории шаҳрвандон дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон, имомхатибон ва кормандони идораву муассисаҳои давлатии шаҳр мулоқот анҷом дод.
Зикр шуд, ки сокинони вилояти Хатлон барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, баҳри рушду пешрафт ва шукуфоии ватани азизи хеш ҳисси арзанда хоҳанд гузошт.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...