Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САД РАНГИ ЧАКАН»


КӮЛОБ. БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САД РАНГИ ЧАКАН»




Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ дар толори қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси Шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Арафамо Даминзода, сардорони шуъбаю муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои МИҲД шаҳри Кӯлоб ва намояндагони соҳаҳои гуногуни шаҳр иштирок доштанд. 

Дар назди Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, сӯзандӯзию гулдӯзӣ, заргарӣ, тарроҳӣ ва дигар санъати мардумӣ аз тарафи тарроҳону чирадастони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Нахуст, ҳайати ҳакамон аз ин намоиш дидан намуданд ва ба ҳунари иштирокдорон баҳогузорӣ карданд. Сипас, тибқи барнома қисмати дуюми чорабинии мазкур дар толори қаср идома ёфт. 


Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, аз минбар баргузории Фестивали мазкурро ба ҳозирин табрик намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки – «Ҳамчун намунаи санъати гулдӯзии тоҷик ва бозгӯи таърихи ниҳоят қадима, урфу одат ва олами маънавии мардуми мо, баъд аз талошҳои панҷсолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, санъати гулдӯзии чакан ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд».

Дар асоси Низомномаи баргузории даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимии чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» маҳсули ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.

Ҳамзамон аз тарафи аҳли ҳунари бахши фарҳанги шаҳру минтақаи Кӯлоб барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳаводорони санъати мусиқӣ гардонида шуд.

Дар фарҷом иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода