Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАТЛОН. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББИИ РОЙГОН БАРОИ СОКИНОН


ХАТЛОН. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББИИ РОЙГОН БАРОИ СОКИНОН



Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола санаи 7 апрел дар саросари олам қайд карда мешавад, пагоҳ, 6 апрели соли  равон аз соати 7.00 то соати 12.00 таҳти шиори "Саломатии ман - ҳукуқи ман" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чорабинии умумиҷумҳуриявии ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон гузаронида мешавад.

Вақти чорабинӣ аз соати 7:00 то 12:00 буда, муассисаҳои тандурустии вилоятӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор шудаанд, ки пагоҳ машварат, муоина, ташхис ва табобати зарурӣ, аз ҷумла амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ба таври ройгон (ба истиснои ташхису табобати гаронарзиш) дар вилояти Хатлон таъмин карда мешавад. 

Аз сокинони вилоят даъват ба амал меорем, ки дар ин чорабинӣ иштирок намудаву аз имконият ва шароити мусоид истифода бурда, вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар намоянд.

Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола бо шиорҳои гуногун қайд гардида, соли ҷорӣ он таҳти шиори "Саломатии ман-ҳуқуқи ман" баргузор мегардад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода