СОДИРОТ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ МИЛЛӢ БА ҲИСОБ МЕРАВАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 304
5 апрел раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ аз вокзали роҳи оҳани вилояти Хатлон дидан карда, ба масъулин ҷиҳати пешрафти кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар КВД "Роҳи оҳани вилояти Хатлон" бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз чораандешӣ шуда, соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳо маҳсулоти ниёзи аввал - пиёзи барвақтиро ба Қазоқистону Россия мебаранд.
Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамасола бо ҷаҳду талошҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногуни кишоварзии ниёзи аввал ба дигар давлатҳо содирот мегардад, ки ин тадбир дар некуаҳволии сокинон нақши созгор дорад.
Дар доираи чунин иқдомот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз вокзали Хатлон, ки бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ пурра таъмиру азнавсозӣ шудааст, дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру азнавсозӣ шуда, аз 2 толори пазироӣ ва 8 утоқи корӣ иборат мебошад ва дар майдони иншоот фаввора сохта шуда, дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст.
Раиси вилоят ба масъулин бобати босифат ва саривақтӣ бандубаст кардани пиёз ва дар муҳлати пешбинишуда ба ҷойи лозимӣ расонидани маҳсулот маслиҳатҳои муфид доданд.
Қайд гардид, ки барои ҳавасмандии соҳибкорон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст ва онҳо метавонанд дар доираи иҷрои фаъолияти якҷоя ва ҳамкориҳои судманд корро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.
Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ тамоми сохторҳои марбута вазифадор гаштаанд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ба раванди корҳои содиротӣ аҳамияти ҷиддӣ равона созанд.
Ҳадаф аз боздид дасти ёрӣ дароз намудан ба истеҳсолотчиёни ватанӣ, содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сода гардонидани ҳуҷҷатгузориҳо ва таъмини ҳавасмандии деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ пиёз пухта мерасад ва тибқи дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд тариқи қатора аз Хатлон ба дигар манотиқ содирот шавад.
Аз моҳи сентябри соли 2016 ҳаракати қатораи мусофирбарии Душанбе-Хатлон (Қӯрғонтеппа)-Кӯлоб ба роҳ монда шудааст ва ба аҳолии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ваҳдату Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе хизмат мерасонад.
Дар саҳни бино раиси вилояти Хатлон бо кормандони ниҳоди мазкур суҳбат намуда, аз суханронии охири Пешвои миллат бо фаъолон ва ходимони дин ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки дар тарбияи фарзандон набояд ба саҳлангорӣ роҳ дод ва баҳри ҳифзи сулҳу субот ва истиқлол корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум гузаронидан лозим аст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00