Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФЕСТИВАЛИ ГУЛҲО ТАҲТИ УНВОНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» БАРПО ГАРДИД


ФЕСТИВАЛИ ГУЛҲО ТАҲТИ УНВОНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» БАРПО ГАРДИД




Имрӯз, 5 апрел, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бо иштироки муовинони раиси вилоят фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор гардид.

Фестивали мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, таҳти №АП-470 «Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» роҳандозӣ гардидааст. 

Зимни суханронӣ муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, афзуд, ки баргузории фестивал баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ ва зебоипарастӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.



Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумотҳо то ин давра ҷиҳати зебо гардонидани маркази вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва гулгаштҳо 5 миллиону 243 ҳазор бех гулу гулбутта, аз ҷумла 647 ҳазору 487 дона гули лола, 888 ҳазору 475 бех гули садбарг ва 3 миллиону 707 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Қобили қайд аст, ки то ин давра марҳилаи якуми фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи номинатсияи "Гулпарвари беҳтарин" шумора ва намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, иҷрои талаботи гулпарварӣ ва сифати он, масоҳати гулҳои шинонидашуда, барои номинатсияи "Гулгашт ва хиёбон" симо ва сифати роҳравҳо, мавҷуд будани ҷойҳои нишаст, ҳолати ободонӣ ва нигоҳубин (тозагӣ, ороиш бо гулу гулбуттаҳо), мавҷуд будани қуттиҳо барои партов), барои номинатсияи “Боғҳои фарҳангию фароғатӣ” шумораи гулзорҳо ва намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, интихоб намудани композитсия ва дизайни ҷолиб дар мавзеъҳои гулзоршуда, саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин самт ба инобат гирифта шуданд.



Омӯзиши рафти баргузории фестивал дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, инчунин пешниҳоди маводҳо аз тарафи шаҳру ноҳияҳо собит намуд, ки дар асоси талаботи Низомнома марҳилаи якуми фестивал бомуваффақият ҷамъбаст гардида, дар доираи он корҳои назарраси ободонӣ, кабудизоркунӣ, бунёд намудани гулгаштҳо ва тозаю озода намудани маҳалли зист анҷом дода шудааст.

Ҳамзамон аз ҷараён ва натиҷаи ҷамъбасти онҳо тавассути воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мунтазам барномаҳо пахш гардида,  фестивали гулҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи телевизиони "Хатлон" наворбардорӣ ва инъикос карда шуд.



Тибқи хулосаи Комиссияи вилоятии фестивал ғолибон аз рӯйи номинатсияҳо муайян ва бо диплому туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода