Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таваллуд зиёд шудааст


Таваллуд зиёд шудааст




Дар вилояти Хатлон таваллуд афзоиш ёфта, фавти модарон ҳангоми таваллуд кам гардидааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми ду моҳи соли 2024- ум 14 ҳазору 111 ҳолати таваллуди зинда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 852 таваллуд зиёд аст. Дар думоҳаи соли гузашта дар вилояти Хатлон 13 ҳазору 259 таваллуд ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамзамон дар ин давра фавти модарон ҳангоми таваллуд кам гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар шумораи аҳолӣ 2 дарсад афзуда, бо дарназардошти бақайдгирии таваллуд, фавт ва муҳоҷират аҳолӣ то 1 январи соли равон ба 10 миллиону 277,1 ҳазор нафар расидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода