Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сатҳи оби обанбори НБО “Норак” паст шудааст


Сатҳи оби обанбори НБО “Норак” паст шудааст



Дар ҳамин шабу рӯз сатҳи оби обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, 5,7 метр паст фаромадааст. Дар ин хусус сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ба гурӯҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба обанбори «Норак» сафар намуданд, иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки оби обанбори НБО «Норак» ба ҳолати соати 00:00- и 2 апрели соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 метру 7 см 
кам аст. Мувофиқи меъёр, сатҳи оби обанбори Норак бояд дар сатҳи 910 метр бошад. Воридоти об ба обанбор дар шабонарӯз 295 метри кубӣ дар як сония аст, ки нисбат ба соли гузашта 151 метри кубӣ дар як сония кам аст. Дар семоҳаи аввали соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 424 миллион метри кубӣ об кам ба обанбори «Норак» ворид гардидааст.

Омили асосии паст фаромадани сатҳи оби обанбори «Норак»-ро ба камбориш омадани зимистони имсола, сардии ҳаво дар баландкӯҳҳо, бахусус дар фасли баҳор ва камии об дар дарёи Вахш рабт медиҳанд.

Гуфта шуд, ки чунин ҳолат, яъне камобӣ дар обанбори «Норак» 12 сол қабл низ мушоҳида гардида буд. Солҳои 2008-2009 ҳатто дар фасли тобистон обанбори «Норак» бо об пурра таъмин нагардида буд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода