Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШУРО ВАЗЪИ САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТИРО ДАР ВИЛОЯТ БАРРАСӢ КАРД


ШУРО ВАЗЪИ САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТИРО ДАР ВИЛОЯТ БАРРАСӢ КАРД




Имрӯз дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода баргузор гардид.

Дар он аъзои Шуро масъалаи таҳлили таҷрибаи санҷишу тафтишотии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, бахусус садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Хатлонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Зимни баромади худ прокурори вилоят Авазҷон Назарзода иброз дошт, ки масъалаи муҳокимашаванда яке аз мушкилоти ҷомеа маҳсуб ёфта, зиёд гардидани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт боиси ташвиши мақомоти ваколатдори соҳа гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди вилоят бар асари садамаҳои нақлиётӣ соли 2023-юм 237 нафар фавтидааст, ки нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд мебошад.



Сабабҳои ба вуқуъ пайастани садамаҳои нақлиётӣ бо суръати баланд ҳаракат кардан, қоидаҳои сабқатро риоя накардан, нигоҳ надоштани фосилаи дахлдор, риоя накардани қоидаҳои аз чорроҳа гузаштан, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт, хоб бурдан дар сари чанбараки воситаи нақлиёт, бе ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин арзёбӣ гардид.

Вобаста ба ин гуфта шуд, ки мақомоти дахлдорро лозим аст, ки ҷиҳати кам намудани садамаҳои нақлиётӣ корҳои назоратии иҷрои қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷоннок намоянд.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода