Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЭЪЛОН! БА ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУРОҶИАТ НАМОЕД!


ЭЪЛОН! БА ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУРОҶИАТ НАМОЕД!



Шаҳрвандони муҳтарам!


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ба хотири беҳтарсозии кор, огоҳ будан аз мушкилоти мардум телефони боварии раиси вилояти Хатлон бо рақами (+992) 979 16 16 16 дар шабакаи Whatsapp (Вотсапп) ташкил шудааст.  

Шаҳрвандон метавонанд бевосита камбудиву мушкилоти ҷомеаро тариқи матн ва аксу навор ба ин рақам фиристанд.


Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилот масъулин вазифадор карда шуда, барои ислоҳи он чораҷӯӣ карда мешавад. Инчунин, аз натиҷаи баррасии муроҷиат ба шаҳрванд хабар расонида мешавад. 
Биёед, дар якҷоягӣ мушкилоти ҷомеаро ислоҳ менамоем!

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода