Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Норак 52 ҳазор бех гул шинонида шуд


Дар Норак 52 ҳазор бех гул шинонида шуд




Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва қабули меҳмонон дар шаҳри Норак, ки яке аз шаҳрҳои сайёҳии мамлакат маҳсуб мешавад, корҳои ободонию сабзазоркунӣ идома доранд.

Тибқи иттилои директори Муассисаи манзилию коммуналии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Маҳмадюнус Бобиев, дар маркази шаҳри Норак ва минтақаҳои он 52 ҳазору 182 бех гулҳои гуногунранги бунафша ва 15 ҳазор гули лола шинонида шуд. Номбурда афзуд, ки дар гармхонаҳои муассиса 30 ҳазор гулҳои гуногун парвариш ёфта истодаанд.

Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Норак Акобир Ҳасанов иброз дошт, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти “Дуконӣ”, “Пули сангин”, маркази шаҳр ва мавзеи Найзираки шафати шоҳроҳи Душанбе-Данғара зиёда аз 30 ҳазору 110 бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонда шуд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, давоми солҳои 2023-2024 дар шаҳри Норак бояд 34 ҳазор бех ниҳол ва 387 ҳазор гулу буттаҳо шинонида шавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода