«Шоҳнома»-и абулқосим фирдавсӣ - василаи муҳими баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 246
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон дар мавзуи «»Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ - василаи муҳими баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон» баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Шодиён иштирок ва маърӯза намуданд.
Дар ҷаласаи Шурои мазкур муовинони идеологии раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявии минтақаи Кӯлоб низ ширкат доштанд.
Ҷаласаро муовини раиси вилояти Хатлон, муовини Раиси Шурои ҷамъиятии вилоят Анзурат Абдусаломзода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шоҳкории ҳамаи давру замонҳо буда, дар баробари васфи шуҷоату далерӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, ситоиши хирад ва дониш, ақидаҳои инсондӯстона, андешаҳои моломол аз ифтихорот нисбат ба расму оин ва ҷашнҳои ниёгонро дар бар мегирад.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад, - гуфт муовини раиси вилоят А. Абдусаломзода.
Қайд гардид, ки иқдоми навини ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон - ҳадяи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадон падидаи нави дурахшон дар ҳаёти маънавии сокинони мамлакат гардид, ки ҳамто надорад.
- Ин иқдом идомаи ташаббусҳои дурбинонаву ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон аст, ки на танҳо ба тарбияи ватандӯстона, баланд бардоштани эҳсоси ватандории мардум, балки ба боло бурдани сатҳи маънавӣ, ҷаҳонбиниву дунёшиносии сокинони мамлакат нигаронида шудааст, - афзуд муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода.
Инчунин дигар иштирокдорон зимни суханронии худ баён доштанд, ки тақдими “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷик ин хидмати беназир дар тӯли қарнҳо барои халқи соҳибтамаддуни мо маҳсуб мегардад. “Шоҳнома” барои шинохти имрӯзу гузаштаи халқи мо уфуқнамост ва дар бунёди давлати миллӣ, баҳри тарбияи мардум ва пайдо намудани тасаввуроти шоиста оид ба ҳадафҳои умумӣ ва ҳаракат ба сӯйи пешравиҳои минбаъда, яке аз ҷойҳои марказӣ ба хотираи таърихӣ вогузошта мешавад.
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00