Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Имрӯз, 2 апрел, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид маросими тантанавии “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид.
Нахуст, роҳпаймоии садҳо нафар ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят аз саҳни бинои Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сурат гирифт. Мояи сарфарозиву қаноатмандист, ки маросими гусели ҷавонони матину қавииродаи Хатлонзамин ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои суботу осоиштагӣ, бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ ба таври мутантан таҷлил мегардад.
Дар майдони варзишгоҳ беҳтарин ҷавонон аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷамъ омада буданд, то ки ба дарёфти мақоми фахрии сарбози Ватан шарафёб шуда, дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандию шаҳрвандии худро сарбаландона адо кунанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш ба ҳамаи ҷавонони далеру шуҷоъ ва соҳибватан, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, инчунин ба падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзанд миннатдорӣ баён намуд.
- Хизмати ҳарбӣ майдони ҷасорат ва мактаби бузурги ҷавонмардӣ буда, дар он ҷавонон обутоб меёбанд ва эҳсоси баланди ватандӯстиашонро таҳким мебахшанд, - зикр кард раиси вилоят. - Мардуми шарафманди Тоҷикистон, хусусан ҷавонони ояндасози мо, бахубӣ дарк месозанд, ки ҳеҷ як давлат бидуни Артиши миллӣ устувору поянда нахоҳад монд. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ин мактаби ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст ва ин вазифаи муқаддасу пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як ҷавонмарди солимфикр ва бонангу номуси кишвар мебошад.
Бо шукргузориву фараҳмандӣ гуфта шуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, неруи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар мебошад”.
Дар давоми беш аз 31 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ, маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизони Хатлон даҳҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланду хароҷоти камтарин ва бо меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Яъне шароити будубош ва хизмат дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ имрӯз хеле хуб буда, барои обутоби ҷисмониву маънавии ҷавонон ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад.
- Аз ин рӯ, мо аз тамоми ҷавонони бонангу ватандӯсти кишвар даъват мекунем, ки бо адо намудани қарзи фарзандии худ, хизмати садоқатмандона дар сафи Артиши миллӣ дар рушди давлат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ саҳмгузор бошанд, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Дар ин майдон ҷавононе саф оростаанд, ки дар қалби онҳо меҳри Ватан - Модар ва ҳимояи марзу буми он ҷӯш зада, бо амри виҷдон, ҳидоят ва дуои неки волидон ба нуқтаҳои даъват ҷамъ омада, бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ равона мешаванд.
Боварии комил дорам, ки хизмати Ватан - Модарро ҳар яки шумо бо сари баланд адо намуда, бо ифтихор ба назди волидайн бармегардед.
Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони вилояти Хатлон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вазифаи бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
Таъкид карда шуд, ки мардуми кишвар дар симои даъватшавандаҳо ва сарбозону афсарон ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизатгарони сулҳу субот, пуштибонҳои боэътимоди адолату ростӣ ва амнияти ҷомеаро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастанд.
Дар идомаи ҳамоиш ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандагон ва волидони онҳо дар мавзуи хизмат ба Ватан-модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат ҳидоят намуданд.
Ба ҳазор нафар даъватшавандаҳо туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Барои хушҳолии аскарони оянда ва волидони онҳо, ки ба гусели фарзандон омада буданд, пас аз маросими нонгазон барномаи рангини ҳунарӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.
Н. Маъмурз ода ,
«Хатлон»
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.