Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вохӯрии муовини раиси вилоят бо донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ


Вохӯрии муовини раиси вилоят бо донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ




Дар коллеҷи тиббии "Даво"-и шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» вохӯрӣ доир шуд. 

Сараввал, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оид ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардиву кирдорҳои ғайрахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии нашъамандӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд. 

Ҳамчунин, муовини раиси вилояти Хатлон таъкид дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масъалаи мазкур чунин омадааст. «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушд- ро шиори фаъолияти ҳаррӯза қарор диҳем». 

Дар идомаи вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Насриддинзода Рамазон, сардори Раёсати маорифи вилоят Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Хатлон Абдуллозода Фариза, вобаста ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ андешаронӣ намуданд. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода