Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН




30 март, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Мирзозода Музаффар зимни вохурӣ қайд намуданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.

Таъкид гардид, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Дар қабули сайёр шаҳрвандон аз Ҷамоатҳои деҳоти “Шӯрообод”, “Доғистон”, “Саричашма”, “Чагам”, “Нуриддин Маҳмудов”, “Даштиҷум” ва “Лангардара” бо масъалаҳои гуногун, аз қабили таъмини оби нӯшокӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили зист, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва корам, қитъаи замин барои сохтмони таваққуфгоҳ, қитъаи замин барои бунёди боғ, баҳси замини кишоварзӣ, иваз намудани симчӯбҳои фарсудаи барқӣ ва дастраси аробачаи маъюбӣ дархосту муроҷиат намуданд. 

Музаффар Мирзозода ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳо доданд.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон муовини раиси вилоят Музаффар Мирзозода бо роҳбарони сохторҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мулоқот анҷом дод.


Музаффар Мирзозода оид ба таъмини иҷрои нақшаи андоз, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба самаронок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду ҳосил аз заминҳои корам, захираи маводи озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаҳои атроф, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу мусобиқаҳо, расидан ба арзи мардум вазифаи меҳварии ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.

Дар охир тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо такя ба амалҳои инсондӯстона дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба як қатор маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва кумаки молиявӣ расонида шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода