Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Ҷавонон» барандаи Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» гардид


«Ҷавонон» барандаи Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» гардид




Шуруъ аз 21 то 26 марти соли ҷорӣ мусобиқаи вилоятии варзишӣ оид ба футбол миёни кӯдакону наврасони солҳои таваллудашон 2011-2012 дар ду минтақа – Бохтар ва Кӯлоб гузаронида шуд. Мусобиқа бо саҳми нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон – рӯзномаи “Хатлон” дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши вилояти Хатлон ва Федератсияи футболи вилояти Хатлон ташкил карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур 16 даста аз ду минтақа – 8 даста аз минтақаи Бохтар ва 8 даста аз минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” дар соли 2024 байни ҳам сабқат намуданд. Мусобиқа дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва Барномаи давлатии рушди футбол гузаронида шуда, дар он беш аз 200 нафар кӯдакону наврасони дастаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа саҳм гузоштан дар рушду пешрафти футболи тоҷик ва тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандӯстии шаҳрвандон, иҷрои “Барномаи давлатии рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ бо роҳи ҷалб намудани онҳо ба бозии футбол, пайдо намудани футболбозони навраси болаёқат барои дастаҳои мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ, муайян намудани беҳтарин дастаҳои кӯдакону наврасони вилоят, ташаккули худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо ва иҷрои банди 38-и нақшаи кории идораи рӯзномаи “Хатлон” барои соли 2024 мебошад.

Кӯдакону наврасон аз ташкили мусобиқа изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои иштирок дар мусобиқаи мазкур талош варзиданд ва ваъда доданд, ки кӯшиш мекунанд, дар оянда дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзида, парчамбардори Тоҷикистони азиз мегарданд.

Дастаҳои «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, «Ҷавонон»-и ноҳияи Ёвон аз минтақаи Бохтар ва дастаҳои «Сино» ва «МДМВ рақами 3» ҳарду аз шаҳри Кӯлоби минтақаи Кӯлоб ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд.

Барои мақоми сеюми мусобиқа дастаҳои «Панҷшер»-и Ҷ. Балхӣ ва «Сино»-и Кӯлоб бо ҳам рақобат намуданд, ки бозингарони «Панҷшер» бо ҳисоби 4:0 ғалаба намуда, соҳиби мақоми сеюм гардиданд.

Барои мақоми аввали мусобиқа бошад, дастаи «МДМВ рақами 3»-и Кӯлоб бо тими «Ҷавонон»-и Ёвон андар майдони рақобат шуданд. Дар натиҷа, наврасони ноҳияи Ёвон бо ҳисоби 6:1 ба ҳариф ғолибият ба даст оварда, барандаи Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» дар соли 2024 шуданд. Ғолиби Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” дар 2024 наврасони ноҳияи Ёвон соҳиби мақоми аввал, дастаи наврасони шаҳри Кӯлоб соҳиби мақоми дуюм ва дастаи наврасони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби мақоми сеюм гардиданд.

Дар фарҷоми мусобиқа дастаҳое, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, аз тарафи идораи рӯзномаи “Хатлон” бо Ҷом, Диплом, медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, наврасоне, ки дар даври ниҳоии мусобиқа иштироки фаъол доштанд, аз тарафи идораи рӯзномаи “Хатлон”, Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Чунин тадбирҳои варзишӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстию рафоқати наврасону ҷавонон, пешгирӣ аз ифротгароию тундравӣ, рушди футболи кӯдакона дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

«ХАТЛОН»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода