Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад


Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад




Моҳи апрели имсол дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Сайри гули лола» Фестивали вилоятии гулҳо гузаронида мешавад. Даври вилоятии фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 ва бо мақсади густариши корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар маҳал доир шуда, фестивал дар сатҳи шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ташкил мегардад.

Мақсади баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ҳамасола ин озмун дар тамоми ҷумҳурӣ доир мегардад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода