Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРПО ГАРДИД


ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРПО ГАРДИД




27 март дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, таҳти раёсати Давлаталӣ Саид - раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.


Нахуст, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид вакилонро бо рӯзномаи иҷлосия шинос кард. 


Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома - рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 7 июни соли 2022, №184 дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 “Оиди омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят - муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода баромад намуд. Мавсуф зикр кард, ки роҳбарони гурӯҳҳои кории роҳбарикунанда ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳру ноҳияҳо корбарӣ намуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Инчунин барои боз ҳам зиёд намудани шумораи иншоотҳои ҷашнӣ тибқи дастури раиси вилоят ба нақшаҳои бунёд ва сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, шумораи иншоотҳо зиёд гардида истодаанд.

- Ба ҳолати 1 марти соли 2024 тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва сохтмони 6260 биною иншоотҳо пешбинӣ гардидааст, - афзуд А. Қурбонзода. - Аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф 760 иншоот (12,1%), тандурустӣ 477 (7,6%), фарҳанг 179 (2,9%), варзиш 261 (4,2%), саноат 576 (9,2%), кишоварзӣ 289 (4,6%), сайёҳӣ ва ҳунармандӣ 55 (0,9%), таъмири роҳҳо 215/993,1км (3,4%), сангфаршкунӣ 234/537,9км (3,7%), пулҳо 68 (1,1%), ҳаммом 57 (0,9%), сартарошхона 87 (1,4%), кошонаи ҳусн 40 (0,7%), хати оби нӯшокӣ 138/418,1км (2,2%), хизматрасонию савдо 841 (13,4%) иншоот ва 1983 ( 31,7%) биною иншооти таъиноти дигар сохта мешаванд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия ҳисоботи сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 майи соли 2021, №142 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 “Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.




Раиси вилоят Давлаталӣ Саид доир ба дастоварду мушкилот дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, роҳсозӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмони иншоотҳои таъиноташон гуногун, занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 суханронӣ кард.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ниҳодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дастур дод, ки низоми дурусти меҳнатӣ, талаботи дастурамали коргузориро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.


Ҳамчунин, раиси вилоят оид ба самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, иттилоот, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, танзим ва дин ва оид ба масъалаҳои дигар ҳисобот дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа доштанд, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифагузорӣ намуд.


 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода