Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ БОХТАР


ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ БОХТАР



Имрӯз, 24 март, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чорабиниҳо идонаи Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар доир гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Узбакистон, сокинон ва меҳмонони шаҳр иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши оину анъанаҳо наврӯзӣ ва Фестивали бозиҳои миллӣ , дастовардҳои соҳаҳои гуногун,  ҳунармандони шаҳр дар майдони Нишони давлатӣ дидан намуданд.

Меҳмонон ба намоишгоҳҳо баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки намоишгоҳ дар асл инъикоскунандаи расму оин ва анъанаҳои неки ҷашни Наврӯзи Аҷам буд.

Сипас, дар  варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ идома ёфт.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ сокинони шаҳри Бохтар ва мардуми шарифи вилояти Хатлонро  ба ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, ёдоварӣ аз ташаббусҳои неку созандаи Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати мақому нуфузи ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯз изҳор доштанд, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

- Тозаву озода кардани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳао ва аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омода кардани ҳар гуна таомҳои миллӣ аз ҷумлаи анъанаҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз риоя мекунанд. Вазифаи ҳар яки мост, ки табиатро эҳтиёт кунем, ҷӯйбору чашмаҳоро поккорӣ ва дарёву обанборҳоро тозаву озода нигоҳ дорем. Моро зарур аст, то ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳалли зист, шаҳру ноҳия, инчунин, роҳҳои кишварамонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва як сарзамини сарсабзу хуррамро ба ояндагонамон ба мерос гузорем, - афзуд раиси вилоят.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода доир ба суннату анъанаҳои неки ниёгонамон суханронӣ намуда, ба муносибати тантанаи ҷашни Наврӯзи аҷам ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мардуми шаҳрро табрику таҳният намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи идонаи наврӯзиро пешкаши меҳмонону иштирокчиён намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода