Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶОМИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН". 16 даста барои Ҷом мубориза мебаранд


ҶОМИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН". 16 даста барои Ҷом мубориза мебаранд




Фардо, 21 март бо ташаббуси идораи рӯзномаи "Хатлон" дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол миёни кӯдакон ва наврасони солҳои таваллудашон 2011-2012 барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” оғоз меёбад.

Мусобиқаи мазкур барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи "Хатлон" аз 21 то 26 март дар ду марҳила - минтақавӣ ва ниҳоӣ гузаронида мешавад. Дар марҳилаи минтақавӣ 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар 8 даста ва минтақаи Кулоби 8 даста) дар 4 зергурӯҳ миёни ҳам рақобат мекунанд. Дар натиҷа, дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якумро ишғол намудаанд, ба қисми нимниҳоии мусобиқа роҳхат мегирад.


Бояд ёдовар шуд, ки мусобиқа бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ бо роҳи ҷалб намудани онҳо ба бозии футбол, ташкил ва эҳё намудани дастаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пайдо намудани футболбозони навраси болаёқат барои дастаҳои мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ, муайян намудани беҳтарин дастаҳои кӯдакону наврасони вилоят, ташаккули худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо, дар тафаккури насли наврас ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо ва ғайраҳо гузаронида мешавад.


Мавриди зикр аст, ки Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” соли сеюм ҳаст, ки дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.


Дар фарҷоми мусобиқа дастаҳои ғолиб бо Ҷом, медал, туҳфа ва Ифтихорномаи идораи рӯзномаи «Хатлон” сарфароз гардонида мешаванд.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода